Муҳокимаи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва СММ
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар шаҳри Ню – Йорк бо маъмури Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, С.Аслов дар ҷараёни мулоқот аз сатҳи ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, ҳамчунин раванди татбиқи барномаю лоиҳаҳо дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ минбаъд ҳам чораҳои зарурӣ мебинад. Сироҷиддин Аслов ба роҳбарияти Барномаи рушди СММ барои пуштибонии саъю кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар амри расидан ба Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола, ҳамчунин барномаҳои таъмини шуғли ҷавонони кишвар изҳори сипос намуд. Ҳелен Кларк Сироҷиддин Асловро ба муносибати таъин шуданаш ба мансаби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба вай дар татбиқи судманди сиёсати хориҷии кишвар муваффақиятҳо орзу намуд. Дар мулоқот Директори минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ Ҷиҳон Султоноғлу низ ширкат дошт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






