Муҳокимаи масоили рушди сайёҳӣ

Декабрь 5, 2013 11:48

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 6 декабр дар шаҳри Душанбе намояндагони беш аз 100 ширкати сайёҳии бахши инфиродии Тоҷикистон ҷамъ меоянд. Тавре ки аз Анҷумани созмонҳои сайёҳии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» доданд, ин чорабинӣ ба манзури шиносоии иштирокдорон бо ислоҳоти бахши сайёҳӣ роҳандозӣ шудааст. Зимни ин ҷамъомад намояндагони созмонҳои миллию байналмилалӣ, ҳамчунин ташкилотҳои инфиродии сайёҳӣ аз таҷрибаи фаъолияти худ дар бахши сайёҳии Тоҷикистон нақл мекунанд.

Декабрь 5, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш