Муҳокимаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия

Декабрь 19, 2013 11:13

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»).-  17  декабр Вазири  корҳои  хориҷии  ҶТ  Сироҷиддин  Аслов Сафири  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  Игор  Фролов  — Лякинро ба  ҳузур  пазируфт.
 
Тавре  ки  аз  ВКХ ҶТ  хабар  доданд,  ҷонибҳо  дар  ҷараёни  мулоқот  перомуни  вазъу  дурнамои  рушди   муносибатҳои  дуҷонибаю  бисёрҷониба,  роҳҳои  минбаъдаи   ҳамкории   мутақобилан  муфид  дар  соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбию  техникӣ,  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ,  фарҳанг ва  башардӯстӣ  табодули  афкор  намуданд.
 
Ҷонибҳо  итминон  доданд, ки   раванди  рушду  таҳкими   муносибатҳои байни Тоҷикистону  Русия  минбаъд  ҳам дар  асоси  принсипҳои   мушорикати  стратегӣ ва манофеи  ҳамдигар  идома  меёбанд.

Декабрь 19, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш