Муҳорибаи тан ба тан дар ВМКБ
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ дар байни ҷавонон таҳти шиори “Тоҷикистон муқобили маводи мухаддир” муҳорибаи тан ба тан баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбари Раёсати Агентӣ дар ВМКБ Суҳроб Мардонов ва мудири шуъбаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Руслан Шодиков, иштирокчиён ва варзишгаронро хайрамақдам гуфтанд.Муҳорибаи мазкур бо мақсади ташвиқоти тарзи ҳаёти солим, ташаккули муносибати манфӣ ба маводи нашъаовар, ҷалб намудани ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ, инчунин ташаккул додани намуди варзиши тан ба тан ташкил шуд. Дар муҳориба 5 тим бо вазни аз 60 то 75 иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти муҳориба ба иштирокчиён ҷом ва медал тақдим намуда, ба ғолибони чорабинӣ туҳфа аз номи Раёсати агентӣ дар ВМКБ буда, супорида шуд.Муҳорибаҳои мазкур нишон медиҳанд, ки диққати ҷавонон ба ин намуди варзиш зиёд шудааст, зеро ин намуди варзиш асосан ба чолокӣ ва тавоноӣ равона гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






