Муаррифии саҳифаи нави вебсайти гендерӣ дар Агентии омор
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муҳими тақвият бахшидани фаъолият дар соҳаи омори гендерӣ мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар муаррифии саҳифаи нави вебсайти гендерӣ гузаронида шуда, ҳамчунин «Барномаи рушди омори гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2015» пешниҳод карда шуд.Чорабинӣ дар чорчӯбаи татбиқи барномаи минтақавии Бонки Осиёи Рушд «Мусоидати гендерию инклюзивии рушд дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, иштирокдорони Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ/Рушди иқтидори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи омори гендерӣ» бо кӯмаку дастгирии молиявии Бонки Осиёи Рушд ба андозаи 22,7 ҳазор доллари ИМА ташкил шудааст. Иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Хазинаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» мебошад. Зикр кардан зарур аст, ки ин гуна ташаббусҳо дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон дар доираи барномаи мазкури Бонки Осиёи Рушд бо муваффақият татбиқ шуда буданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






