Муаррифии Вилояти мухтори яҳудиён дар Тоҷикистон

Декабрь 4, 2013 14:15

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 6 ва 7 декабр Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон дар ҳошияи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран кӯчонидани ҳамватанони сокини хориҷа ба Федератсияи Русия имконияти иҷтимоию иқтисодии Вилояти мухтори яҳудиён барои ҳамватанонеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, муаррифӣ месозанд. Дар ин бора аз Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, 6 декабр маросими муаррифӣ дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.Ҳамаи хоҳишмандон ба ин чорабинӣ даъват мешаванд. Вилояти мухтори яҳудиён мақоми ҳудуди сукунати афзалиятнокро касб намудааст. Иштирокдорони ин чорабинӣ метавонанд ба ҳамаи саволҳояшон перомуни имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Вилояти мухтори яҳудиён посух гиранд.

Декабрь 4, 2013 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш