Мубориза бар зидди муноқишаҳои оилавӣ
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар Душанбе бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯи «Омилҳои асосии пайдошавии муноқишаҳои оилавӣ дар ҷомеа ва чораҳои пешгирии онҳо» конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид. Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Шариф Назаров дар мавзӯи «Муноқишаҳои оилавӣ — сабабгори содиршавии баъзе ҷиноятҳо» маърӯза намуда, гуфт, ки оила ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва муқаддастарин институти ҷомеа, таъминкунандаи ҳузуру ҳаловати руҳист. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, мушовири калони вазири корҳои дохилӣ Ҷумъаназар Раҳматов перомуни ин масъалаи доғи рӯз ҳарф зада, аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ алайҳи муноқишаҳои оилавӣ, хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ натиҷабардорӣ намуда, чанд таклифу пешниҳодҳоро ироа намуд.Дар кори конфронс инчунин муовини раиси вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова сухан гуфта, аз як назарпурсии оммавие, ки доир ба пайдошавии муноқишаҳои оилавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронидаанд, ёдовар шуда, зикр намуд, ки шумораи зиёди мардуме, ки дар назарпурсӣ иштирок намудаанд, бар он ақидаанд, ки ҷавонон набояд тез хонадор шаванд ва сабаби зиёди муноқишаҳои оилавиро ҳам дар ҳамин мебинанд.Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мавзӯи «Пойдории оила ва пос нигоҳ доштани ҳурмати тарафайн байни зану шавҳар аз нигоҳи дини мубини Ислом» маърӯза намуд. Номбурда зикр намуд, ки рашк, хушунат, ҷанҷол ва муноқишаҳои оилавӣ ба фарҳангу тамаддуни миллии мо бегона мебошад ва дини Ислом онро сахт маҳкум месозад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






