Мукаммалгардонии хизматрасониҳои офиятбахшӣ бо кӯмаки Ҷопон

Декабрь 12, 2013 14:21

Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-17-уми декабри соли 2013 Ассотсиатсияи Кӯмак ва Дастгирӣ (АКД)-и Ҷопон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи худро бо номи «Мукаммалгардонии хизматрасониҳои офиятбахшӣ барои шахсони маҳдудиятдошта» дар Тоҷикистон ба итмом мерасонад.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷопон иттилоъ доданд, маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба миқдори 616 ҳазору 860 доллар дастгирӣ шудааст. Лоиҳа дорои се қисмат, навсозии бинои кӯҳна дар Ваҳдат, гузарондани семинарҳо барои кормандони тиббии маркази барқароркунӣ дар Ваҳдат ва беморхонаи Хуҷанд, таъмин намудани ёрии техникӣ барои сехи «Дилшод» дар Вахш мебошад.Бо ин фаъолияташ АКД Ҷопон маркази барқароркунии саломатӣ ва беморхонаро бо 120 аробачаи маъюбӣ ва 30 маводи барқароркунӣ таъмин намудааст.

Декабрь 12, 2013 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд