Мулоқот бо Дабири кулли СҲШ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев баргузор гардид.
Назар ба хабари ВКХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов дар ҷараёни мулоқот аҳамияти раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхайро қайд намуда, ба мусоҳибаш аз ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаҳои пешорӯи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба нимаи дуюми соли 2014 пешбинӣ шудааст, иттилоъ дод.
Дмитрий Мезентсев дар навбати худ саҳми Тоҷикистонро ба рушди созмон зикр карда, изҳори умедворӣ намуд, ки чунин сиёсат ба манзури тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан муфиду дӯстонаи давлатҳои аъзои СҲШ идома хоҳад ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






