Мулоқот бо намояндагони ташкилотҳои хурди қарздиҳанда
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Вазъи ташкилотҳои хурди қарздиҳанда тайи 10 моҳи соли 2013 ва рушди минбаъдаи онҳо» — чунин буд мавзӯи мулоқоте ки охири ҳафтаи гузашта байни роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои хурди қарздиҳанда сурат гирифт. Тавре ки аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони мулоқот перомуни муваффақияту нуқсонҳои мавҷуда сухан карда, ҳамзамон зикр намуданд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 118 ташкилоти хурди қарздиҳанда фаъолият дорад. Солҳои охир дар ин бахши бонкӣ афзоиши ҷалби сармояи ташкилотҳои хурди қарздиҳанда ба назар мерасад. Соли гузашта созмонҳои байналмилалӣ фаъолияти бархе ташкилотҳои хурди қарздиҳандаро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуданд.Дар ҷараёни мулоқоти муфид ба роҳбарони ташкилотҳои хурди қарздиҳанда тавсия шуд, ки мизонҳои фоизи қарзро коҳиш дода ва шаффофияти фаъолияти худро дар назди мизоҷон таъмин намоянд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






