Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои маблағгузории хурд
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -12 декабри соли равон дар мавзӯи “Вазъи ташкилотҳои маблағгузории хурд дар даҳ моҳи соли 2013 ва рушди минбаъдаи он”, мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо масъулини ташкилотҳои маблағгузории хурд баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои бурду бохти ташкилотҳои номбурда баррасӣ гашта, зикр шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 118 ташкилотҳои маблағгузории хурд фаъолият доранд. Солҳои охир дар ин бахши бонкӣ раванди зиёд шудани ҷалби амонатҳо, сармояи онҳо мушоҳида гардида, доираи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд васеъ шуда, шумораи онҳо афзуда истодааст. Соли гузашта бархе аз онҳо баҳои баланди ташкилотҳои байналмилалиро сазовор гаштанд. Зимни мулоқоти судманд ба роҳбарони ташкилотҳо оид ба паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда тавсия дода шуд, то шаффофияти фаъолияти ташкилотҳояшонро дар назди муштариён таъмин карда тавонанд. Роҳбарони Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар муҳокимаи масъалаҳои ҷаласа фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар кардани кори ташкилотҳояшон оид ба захираҳои ҳатмӣ, суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






