Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Робин Орд Смит

Декабрь 20, 2013 14:11

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд Смит мулоқот кард.Ҷонибҳо дар мулоқот ба масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дахл карда, оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои беҳдошти ҳолати обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва рушди туризм табодули афкор намуданд.Тавре ки таъкид гардид , Британия Кабир хостори ҳамкориҳои самарабахш бо Тоҷикистон буда, аз пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакати мо бо хушӣ истиқбол менамояд.Дар мулоқот ҳамзамон масоили саҳмгузории муштарак дар самти беҳдошти бахши гидроэнергетика , нақлиёту коммуникатсияи Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии сохтмони роҳҳо ва хаттҳои интиқоли қувваи барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Декабрь 20, 2013 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш