Мулоқоти Қ. Расулзода бо Сафири Хитой

Декабрь 14, 2013 11:05

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дирўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун мулоқот кард. Қоҳир Расулзода дар оғози мулоқот ба раванди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат баҳои баланд дода, изҳори итминон кард, ки робитаҳои байнидавлатию байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой дар оянда низ дар сатҳу сифати зарурӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар мулоқот вазъи татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкориҳо дар соҳаи сохтмони хатҳои интиқоли барқу газ, саҳмгузорӣ дар сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна, сохтмони роҳҳои оҳану мошингард ва беҳтаргардонии фаъолияти корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Декабрь 14, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш