Мулоқоти Асаналӣ Карамалиев бо Маҷид Ройгар Ҳақҷӯ
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 18 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев бо директори бахши савдои Ширкати истеҳсолию тиҷоратии байналмилалии «NUQUL GROUP» Маҷид Ройгар Ҳақҷӯ баргузор гардид. Назар ба хабари маркази матбуоти ПСС ҶТ, меҳмони хориҷӣ иброз дошт, ки Ширкати истеҳсолию тиҷоратӣ соли 1952 дар Урдун таъсис ёфта, алҳол дар Эрон, кишварҳои Араб, ҳамчунин дар мамлакатҳои Африқои Шимолӣ намояндагиҳои худро дошта, барои кӯдакон, муассисаҳои тиббӣ ва атфол ва эҳтиёҷоти рӯзгор аз қоғаз маснуоти гуногун истеҳсол менамояд. Асаналӣ Карамалиев дар ҷараёни мулоқот аз фаъолияти палата ва хидматрасонии он нақл карда, гуфт, ки таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидкунандаи маснуоти рақобатпазир барои Тоҷикистон басо муҳим аст. Асаналӣ Карамалиев ба ширкати мазкур пешниҳод намуд, ки дар намоишгоҳҳое, ки соли 2014 доир мешаванд, иштирок намояд. Мавсуф ҳамчунин тавсия намуд, ки дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати «NUQUL GROUP» кушода шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






