Мулоқоти Б.Зуҳуров бо А.Ҳасанов
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов бо сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Бег Зуҳуров баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Озарбойҷон дар Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки Озарбойҷон барои барномаи давлатии рушд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Таъкид гардид, ки рушду густариши технологияҳои иттилоотӣ ва муносибатҳои дуҷониба дар ин бахш аҳамияти бузург доранд.Ҷонибҳо имконоти зиёди ҳамкорӣ дар бахши алоқаро ба таври махсус қайд намуданд. Аббосалӣ Ҳасанов ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар торнамои кишвар аз сафинаи кайҳонии Озарбойҷон истифода барад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






