Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СҲШ

Декабрь 16, 2013 15:53

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсевро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот, асосан масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2014 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ гардид.Тавре зикр гардид, Тоҷикистон дар соли раёсати худ ба масоили таҳким ва густариши равобити бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ аҳамияти хоса хоҳад дод.Тазаккур дода шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар ҳудуди ҷумҳурии мо чорабиниҳои зиёд, аз ҷумла ҷаласаҳои шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони дигар вазорату сохторҳои кишварҳои аъзои ин созмон, инчунин намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор хоҳад шуд.Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба масоили баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 зоҳир карда шуд.

Декабрь 16, 2013 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд