Мулоқоти Ф. Раҳимов бо В. Никитюк
Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Вохӯрии Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк дар Раёсати Академияи илмҳо 12 декабр доир гашт. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрии мазкур доир ба масъалаи ба имзо расонидани лоиҳаи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2013-2017» байни Академияи илмҳои ҶТ ва Агентии давлатӣ оид ба масъалаҳои илмӣ, навоварӣ ва иттилоотии Украина баррасӣ шуд. Сафири фавқулодда ва мухтори Украина В. Никитюк доир ба даъвати Ф. Раҳимов аз ҷониби Агентии давлатӣ оид ба масъалаҳои илмӣ, навоварӣ ва иттилоотии Украина ба шаҳри Киеви Украина барои ба имзо расонидани барномаи мазкур иттилоъ дод.Фарҳод Раҳимов, Президенти АИ ҶТ зикр намуд, ки ба имзорасии барномаи ҳамкорӣ баҳри густариши ҳамкориҳои илмии ду кишвар равона гардидааст ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзои барнома омодааст. Дар вохӯрӣ масъалаи тайёр намудани кадрҳо ва инчунин гузаронидани чорабиниҳо дар Душанбе дар соли 2014 дар доираи ҷашни 200- солагии Т. Г. Шевченко баррасӣ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






