Мулоқоти Фарҳод Раҳимов бо Ли Ҷен Сен
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ “Ховар”,Фарзона Достонзода).-Дирӯз дар шаҳри Душанбе вохурии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо ноиби президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чумҳурии Мардумии Чин Ли Ҷен Сен баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷамбаҳои ҳамкории илмии ду академия баррасӣ гардиданд.Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимов аз ёддошти тафоҳуми ба имзо расида байни ду академия (13 майи соли 2013) ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки барои беҳтар намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи академияҳо гуруҳи корӣ ташкил шавад. Ноиби президенти Академияи илмҳо Кароматулло Олимов дар мулоқот пешниҳод намуд, ки дар мавзӯи терроризм ва экстремизм форуми муштарак дар Тоҷикистон баргузор шавад.Ли Ҷен Сен пешниҳодҳои Академияи илмҳои Тоҷикистонро пазируфта, қайд намуд, ки бо Сафорати Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб доранд ва ҳар сол дар Академия илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мизи мудаввар оид ба рушди ҳамкориҳо доир мегардад. Дар фарҷоми мулоқот зикр шуд, ки то моҳи марти соли оянда бояд гуруҳҳои кории ҳарду ҷониб лоиҳаи созишномаи ҳамкориро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки он самтҳои нави равобитро фарогир бошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






