Мулоқоти кормандони Хадамоти муҳоҷират бо хонандагони литсей

Декабрь 5, 2013 11:20

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон бо хонандагону омўзгорони литсейи техникии №60-и ноҳияи Вахш мулоқот намуданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТАбдулло Қодирӣ хабар дод, дар вохӯрӣ кормандони хадамот доир ба «Навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия» ва дигар паҳлуҳои муҳоҷират суҳбат намуданд.Зикр гардид, ки дар аксар мавридҳо надонистани қонуну қоидаҳои будубош, забони давлатии кишвари қабулкунанда, урфу одат ва надоштани фарҳанги муошират миёни мардуми маҳаллӣ боиси зам гардидани мушкилот барои муҳоҷирони тоҷик мегардад.Ҳангоми ворид шудан ба Федератсияи Русия муҳоҷирон сари вақт худро дар қайди мақомоти дахлдори ФР намегузоранд ва бо айби худи шаҳрвандон миёнаравҳо аз соддагии онҳо истифода бурда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои онҳо омада месозанд. Маҳмудҷон Хоркашев- иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон зимни мулоқот бо хонандагони литсей пешниҳод намуд, ки ҷиҳати омодасозии ҳуҷҷатҳо ва ба кор таъмин гардидан ба Намояндагии ХМ дар ФР муроҷиат намоянд.Дар мулоқот зиёда аз 200 нафар донишҷӯёну омўзгорон ва бошандагони атрофи литсейи мазкур иштирок доштанд.

Декабрь 5, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад