Мулоқоти М. Убайдуллоев бо қумондони рус
Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қумондони Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, полковник Евгений Туболро, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъйин гардидааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои мутақобила, риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби аскарону афсарони пойгоҳи Русия дар шаҳри Душанбе ва тақвияти робитаҳоро дар самти баргузории чорабиниҳои муштараки ёддоштиву фарҳангӣ матраҳ намуданд. Зикр шуд, ки ҳайати шахсии пойгоҳи низомӣ минбаъд низ тавассути арҷгузорӣ ба сокинони маҳаллӣ ва риояи муқаррароти Созишномаи марбутаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия оид ба мақоми будубоши Пойгоҳи низомии 201 -ум дар иҷрои вазифаҳои таъйинотии худ намунаи ибрат хоҳад монд. Бояд тазаккур дод, ки Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо 7 ҳазор сарбозу афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷа аст. Моҳи октябри соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Тоҷикистону Русияро дар мавриди будубоши Пойгоҳи низомии 201-ро ба тасвиб расонд, ки тибқи он муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид карда шуд. Сарбозону афсарони Пойгоҳи низомии Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






