Мулоқоти Нуриддин Саидов бо Омина Афзалӣ
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф) -Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва масълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалӣ мулоқот намуд. Масъалаи тайёр кардани касбҳои коргарӣ яке аз мавзуъҳои асосии вохўрӣ ба шумор рафт.Омина Афзалӣ, вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зикр намуд, ки дар Афғонистон марказҳои таълимӣ барои фаро гирифтани афроде, ки аз таҳсил берун мондаанд ва омода намудани коргарони соҳибихтисос фаъолият намоянд ҳам, кишвар ба тайёр кардани касбҳои коргарӣ, усто ва омўзгорони муҳандисӣ ниёз дорад. Тоҷикистон имконоти хуби омода сохтани коргарони ҳирфаиро дорад. Мақсад аз боздид кӯмаки ин ҷониб дар ин самт аст.Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра фаро гирифтани шаҳрвандонро ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз масъалаҳои асосии мубрами рўз номида, дар ин самт ҳамкориҳои вазоратҳои дахлдорро хеле судманд ҳисобид. Дар айни замон, дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 56 литсейи касбии техникӣ, 7 литсейи касбии саноати кишоварзӣ ва инчунин гуруҳҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд ва 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла 41 коллеҷ, 11 омўзишгоҳи тиббӣ амал менамояд.Дар ин бора Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






