Мулоқоти С. Аслов бо Сафири Хитой

Декабрь 18, 2013 11:44

Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро 17 декабр дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт. Аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,ки зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитойро таъкид намуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф табодули назар карданд. Ҳамзамон мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсиву иқтисодии байналмилалӣ дар ояндаи наздик дар қаламрави ду кишвари дӯст мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.

Декабрь 18, 2013 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш