Мулоқоти С.Аслов бо Сафирони Британияи Кабир ва Озарбойҷон
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 19 декабр вазири Корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Робин Орд – Смитро ба ҳузур пазируфт. Назар ба хабари Раёсати иттилооти ВКХ ҶТ, Сафир дар оғози сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии кишварро бо тайин шуданаш ба ин мансаб муборакбод намуда, ба фаъолияти ӯ муваффақиятҳо орзу кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сатҳи хуби ҳамкории байни ҳар ду кишварро қайд намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳамкорӣ минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт. Вазир таваҷҷӯҳи мусоҳибро ба зарурати рушди равобити тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир, ҳамчунин ҷалби сармояҳо ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намуд. Вазир ҳамчунин аҳамияти ҳамкорӣ дар масъалаи вазъи Афғонистон ва саъю кӯшиши якҷоя дар ин самтро зикр намуд. Сафири Шоҳигарии Муттаҳида аз ҷониби худ вазъи муносибатҳои дуҷонибаро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, мувофиқаи худро бо нуқтаи назари Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи зарурати рушду тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ иброз дошт.Мусоҳибон ҳамчунин масоили ҳамкории кишварҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.Мувофиқи иттилоои манбаъ, худи ҳамон рӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон А.Ҳасанов баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъу дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисодиёт ва фарҳангро мавриди муҳокима қарор доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






