Мулоқоти Сарвазири кишвар бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр мулоқот кард.«Мо дар раванди ҳамгироиҳои байналмилалӣ Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳим ва боварибахши давлати худ медонем ва ба татбиқи бобарори «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020» боварии комил дорем»,- изҳор дошт Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва афзуд, ки вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ташкилоту муассисаҳо ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар ҳолати рў ба беҳбудӣ қарор дорад.Эдуард Ауэр ба масоили пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат дахл карда, изҳори омодагии Иттиҳоди Аврупоро барои афзун намудани кўмакҳои техникӣ ҷиҳати устувории узвияти Тоҷикистон дар созмони мазкур баён дошт.Дар мулоқот масоили таҳкими равобит дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, афзун намудани имконоти содиротии Тоҷикистон, маорифу тандурустӣ, рушди деҳот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва сохтмони хатти интиқоли барқи КАСА-1000 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






