Мулоқоти Шамсиддин Орумбеков бо Акбар Алӣ Песнани
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз, 24-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков бо намояндаи доимии Шабакаи Рушди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнани баргузор гардид.Зимни мулоқот намояндаи Шабакаи Рушди Оғохон Шамсиддин Орумбековро ба муносибати ба вазифаи вазири фарҳанг таъйин шуданаш шодбош намуда, ба ӯ комёбиҳо орзу намуд.Вазири фарҳанг ва намояндаи доимии Шабакаи Рушди Оғохон ҳамкориҳои минбаъдаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Оғохонро баррасӣ намуда, хоҳони суръат бахшидан ба раванди ҳамкориҳо будани хешро иброз доштанд.Дар ин бора котиби матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






