Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Ян Элиассон
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Ню – Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Муовини аввали Дабири кулли СММ Ян Элиассон баргузор гардид. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, Ян Элиассон Сироҷиддин Асловро ба муносибати таъин шуданаш ба мансаби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Дабири кулли СММ, ки ҳоло барои боздид дар Африқои Ҷанубӣ мебошад, муборакбод карда, ба вай дар ин вазифаи нави масъулиятнок муваффақиятҳо орзу намуд. Муовини аввали Дабири кулли СММ дар ҷараёни сӯҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир ба таҳкими рӯзномаи бахши оби СММ, аз ҷумла роҳандозии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об ҳиссаи муҳим гузоштааст. Ян Элиассон ҳамчунин саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар ҳалли масоили мубрам ва муқобилат ба хавфу хатари имрӯза, аз қабили тағйири иқлим, таъмини дастрасӣ ба энергияи устувор, коҳиш додани қашшоқӣ ва ғайра ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар навбати худ ба муовини аввали Дабири кулли СММ итминон дод, ки ҳамкории судманду бисёрҷонибаи байни Тоҷикистон ва СММ минбаъд ҳам давом дода мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






