Мулоқоти Тоҷинисо Маҳмадова бо Атанасия Стоянова

Декабрь 20, 2013 11:01

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова бо ҳамоҳангсози минтақавии масоили таҳсилоти Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ Атанасия Стоянова вохӯрд.Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таълими ақаллиятҳои миллӣ, шароити таълими онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шудаанд, имконияти ҷорӣ намудани таълими бисёрзабона дар муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ, таълиму тарбияи хонандагон дар шароити бисёрфарҳангӣ, таъминот бо китобу маводи таълимӣ ва монанди ин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Маврид ба ёдоварист, ки Атанасия Стоянова яке аз мутахассисони барҷаста дар соҳаи таълимоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, омодагии худро дар расонидани кӯмаки амалӣ барои пешрафти таҳсилоти бисёрзабона ва бисёрфарҳангӣ дар кишвархои Осиёи Марказӣ, ҳамчунон ҳамоҳангсозии корҳои анҷомшудаи кишварҳоро дар ин самт изҳор дошт.Дар назар аст, ки Атанасия Стоянова бо роҳбарияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дигар масъулин чунин суҳбатро анҷом хоҳад дод. Инчунин ҳамоҳангсози минтақавӣ аз ду мактаби шаҳр боздид хоҳад кард.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Декабрь 20, 2013 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш