Мулоқоти вазири корҳои хориҷии ВКХ ҶТ бо Дабири кулли СААД

Декабрь 27, 2013 16:01

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 26 декабр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили татбиқи қарорҳое, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ қабул шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ба масоили таҳкими ҳифзи қитъаи тоҷикистонию афғонистонии сарҳад ва танзими фаъолияти дастаҷамъии давлатҳои Созмон дар ин самт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 27, 2013 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш