Мулоқоти вазирони соҳавии Тоҷикистону Афғонистон

Декабрь 26, 2013 11:38

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Дирўз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева вазири кор, умури иҷтимоӣ, шаҳидон ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Омина Афзалиро ба ҳузур пазируфт. Дар вохўрӣ ҳамчунин кормандони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Зимни вохўрӣ ҷонибҳо аз таҷрибаи кории вазоратҳо мубодилаи афкор намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ибрози назар карда, ҷиҳати густариши робитаҳои минбаъдаи тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд. Хонум Омина Афзалӣ бештар ба масъалаи табодули таҷриба барои рушди муносибатҳои меҳнатӣ, таҳияи қонунгузории соҳавӣ, пешгирии меҳнати кўдакон, назорати шароити меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ байни корфармоёни хусусӣ ва шаҳрвандон, касбомўзии шаҳрвандони бекори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон ва ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, дар анҷоми вохўрӣ тарафҳо умедвории худро ба рушду густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуда, қарор шуд, ки барои омода ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум гуруҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони ҳарду вазорат ва сафорат таъсис дода шавад.

Декабрь 26, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш