Муъминобод: мактабҳои ноҳия ба зимистонгузаронӣ омодаанд
Муъминобод, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Иқлими ноҳияи Муъминобод чун ноҳияҳои Ховалингу Шӯрообод ва Балҷувон нисбат ба дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сардтар мебошад ва дар ин ноҳияҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ омодагии хуб дидаанд. Ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо ангишту ҳезум таъминанд. Дар айни ҳол панҷ мактаби ноҳия, ки дар марказ ҷойгиранд, ба хатти барқ пайваст гардида, дар ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ печҳои гармидиҳандаи барқӣ гузошта шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод мақсад доранд дар оянда низ аз тариқи шартнома бо хоҷагии чангал ва конҳои ангишти кишвар маводи сӯхтро сари вақт захира намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






