Муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Кӯлоб

Декабрь 19, 2013 14:04

 
Кӯлоб, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).-  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2009  таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ ба ваколатдор зиёда аз 130 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои вазъи иҷтимоӣ, зӯроварӣ дар оила, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, инчунин маъюбону ятимон муроҷиат намуданд Ҳамаи арзҳои шаҳрвандон ҳалли худро ёфтанд. 
Зикр кардан лозим аст, ки дар назди ваколатдор Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис дода шудааст. Аъзои шӯро аз ҳисоби намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, суд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳукумат ва рӯзноманигорон  мебошанд. Мақсади ваколатдор  хизмати хуб расонидан ба мардум ҷиҳати фаҳмонидани ҳуқуқҳояшон ва дастгирии  онҳост.
 

Декабрь 19, 2013 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд