Мусодираи беш аз 5, 6 тонна маводи нашъаовар дар 10 моҳ

Декабрь 14, 2013 10:43

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино-1, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Ҷӯрахон Остонаев, соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор боздошт гардид, ки аз ӯ ба миқдори 3 килою 480 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Бинобар иттилои манбаъ, дар 10 моҳи соли 2013 аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 5 тоннаву 693 ҳазор маводи нашъаовар мусодира шудааст.

Декабрь 14, 2013 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш