Мусодираи лавозимоти ҳарбӣ ва маводи мухаддир
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар натиҷаи амалиёти муваффақонаи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳудуди кишвар кӯшиши аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид намудани маводи нашъаовар ҷилавгирӣ шуда, миқдори зиёди маводи нашъаовар ва лавозимоти ҳарбӣ мусодира гардид. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар амалиёти якум дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо истифода, аз усули «хариди назоратӣ» роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни он 2 килограмм тарёк мусодира гардид.Амалиёти дигар дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон сурат гирифта, дар натиҷаи он беш аз 91 килограмм канабис, 1 норинҷаки дастӣ ва тирҳои автомати Калашников мусодира гардиданд. Дар ҷараёни амалиёт як шаҳрванди 39 – солаи ҶТ дастгир шуд. Аз рӯи ин ҳордисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода, тафтишот идома доранд. Ҳамзамон барои дастгир намудани ҳамаи иштирокдорони ин ҷинояткориҳо чораҳои зарурӣ дида мешаванд. Тарҷумон – Шарифов М.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






