Мусодираи навбатии маводи мухаддир
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони гумруки вилояти Хатлон беш аз 26 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ки сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон Нурулло Шарифов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар натиҷаи амалиёти махсус ду нафар шаҳрвандони ҶТ – Фазлиддин Саидови 25 – сола ва Муҳаммад Маҳмадиеви 19 – сола, ки сарҳади давлатии ҷумҳуриро хилофи қонун убур карданӣ буданд, дастгир намуда, аз онҳо миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд. Назар ба хабари сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук, дар натиҷаи таҷзияи озмоишгоҳ маълум шуд, ки маводи мусодирашудаи мухаддир иборат аз 10 килограмму 737,7 грамм гашиш ва 15 килограмму 462,4 грамм тарёк будааст.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






