Мусодираи зиёда аз 43 кило маводи мухаддир
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Муҳриддин Насриддинов, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҳамадониро дастгир намуданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, аз ӯ ҳангоми кофтукови борхалтаи дар дасташ буда, 22 кг 176 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин, 12 кг 792 грамм маводи нашъадори афюн ва 8 кг 856 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш, ҷамъ ба миқдори 43 килою 924 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






