Мусоидати САҲА ба ислоҳоти сохтори милиса дар Тоҷикистон

Декабрь 3, 2013 14:29

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон аз 27 то 29 ноябр мулоқоти серӯзаи коршиносонро барои мутобиқ намудани Барномаи ислоҳоти сохтори милиса ва Нақшаи фаъолият пайваста бо татбиқи Стратегияи миллии ислоҳоти сохтори милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд. Дар ин бора аз Намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Иштирокдорони ин чорабинӣ лоиҳаи Барномаи ислоҳоти сохтори милиса ва Нақшаи фаъолият ҷиҳати татбиқи онро мутобиқ намуданд. Вариантҳои мутобиқшудаи ҳуҷҷатҳои зикршуда барои тасдиқ манзури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон карда мешаванд.Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Орифов зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин гуфт: « Мо дар роҳи ташкили модели нави сохтори милиса боз як қадами нав гузоштем, ки он мутобиқ ба стандартҳои имрӯзаи бахши ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии шаҳрвандон буда, барои ҳифзи манфиату ҳуқуқҳои мардум мусоидат мекунад».

Декабрь 3, 2013 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш