Намоиши либосҳои зебою муосир
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳфили «Дизайни либосҳои муосир» баргузор гардид, ки дар он либосҳои тарҳрезикардаи донишҷӯёни ин таълимгоҳ ба маърази намоиш гузошта шуд. Тавре ки котиби матбуоти ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи он ректорони ҳарду донишгоҳ-академик Абдуҷаббор Раҳмонов ва профессор Нуралӣ Шоев сухан намуда, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки миллати тоҷик фарҳангу тамаддуни таърихӣ ва ғанӣ дорад. Дар ҳар давр вобаста ба тақозои замон мардуми мо либоси зебою шинам ва хос ба расму оини хешро ба тан кардаанд. Чун кишвари азизи мо дар айёми ҷаҳонишавӣ қарор дорад, зарур аст, ки сару либос ва пойафзоли ба замона мувофиқ ихтироъ гардад. Боиси хушнудист, ки дар Донишгоҳи технологӣ факултаи махсуси дизайн ва тарроҳии либос фаъолият мекунад ва аз ҷониби муҳассилини ин даргоҳ навъҳои гуногуни зиёди либосҳо тарҳрезӣ шудаанд.Сипас, маҳфили фарҳангӣ оғоз гардид, ки ба ҷуз аз намоиши либосҳои муосир, ҳамзамон, рақсҳои дилбарона ва сурудҳои ошиқонаю ватанпарварона пешкаши ҳозирин карда шуд. Дар рафти чорабинӣ бештар аз 35 намуди либоси муосир ба маърази тамошо гузошта шуд, ки аз матоъҳои мухталиф, аз қабили атласу адрас ва ғайра дӯхта буданд.Аҳли донишгоҳ, устодону донишҷӯён, аз дидани ин барномаи фарҳангӣ нерӯи тоза гирифта, бо кафкӯбиҳои бардавом сипос ва миннатдории хешро баён доштанд.Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти ҳарду мактаби олӣ зикр карданд, ки ин гуна ҳамкориҳо ҳатман идома ва вусъат хоҳанд ёфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






