Намоиши таҷҳизоти терминали нави мусофирон

Декабрь 4, 2013 14:13

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими намоиши таҷҳизоти нав барои ба қайдгирии мусофирон, асбобҳои назорату муоинаи бағоҷ, ҳамчунин назорати шиносномаҳо баргузор гардид. Дар ин маросим навори ширкати «Винчи» намоиш дода шуд, ки дар он тамоми ҷараёни қабулу гусели мусофирон, аз ҷумла бақайдгирӣ, супурдани бағоҷ, назорати шиносномаҳо, ҳамчунин фуруд аз ҳавопаймо, гузаштан аз роҳрави махсус, гирифтани бағоҷ ва баромадан аз терминали нав тасвир ёфтааст. Дар ин бора котиби матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Директори лоиҳаи сохтмони терминали нави мусофирон Карим — ал — Семман навори ширкати «Винчи» — и Фаронсаро дар бораи истифодаи таҷҳизоти навтарини терминал шарҳ дода, қайд намуд, ки насби он оғоз ёфта ва ҳамаи хадамоти дахлдори фурудгоҳ бояд дар ин раванд иштирок намуда ва истифодаи онро ёд гиранд. Баъзе кормандони фурудгоҳ барои истифодаи таҷҳизоти навтарин дар Аврупо таҳсил менамоянд.

Декабрь 4, 2013 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд