Насби камераҳои мушоҳидавӣ дар объектҳои муҳим
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи низоми ҳаракат дар роҳҳои нақлиётгард, ҳифзи иншооту биноҳои муҳими давлатӣ ва инчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаву хиёбонҳо имрӯз аз камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар ҷойҳои номбурда насб шудаанд, оддитарин ҷузъиёти қонунвайронкунӣ дар он ҷо ба қайд гирифта шуда, пешгирӣ ва чораандешӣ мешавад.Насби камераҳои мушоҳидавӣ дар бино ва атрофи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Маркази савдои Гулистон ва бинои Сирк имкон медиҳад, ки вазъият дар ин минтақаҳо таҳти назорат гирифта шуда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таъмин гардад.Аз натиҷаи фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар» бармеояд, ки дар пойтахти кишвар дар як муддати кӯтоҳ ба миқдори зиёд қонунвайронкуниҳо дар роҳҳои нақлиётгард, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба нафароне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, тадбирҳои таъҷилӣ андешида шуданд.Бояд таъкид намуд, ҳадаф аз насби камераҳои мушоҳидавӣ, ин пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб ва рафтори ҷинояткорона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ буда, бояд ҳар як фарди миллатдӯсту бофарҳанг бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори сокини пойтахт будан, дар рафтору муносибат, одоби муошират ва ахлоқи ҳамида намунаи дигарон бошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






