Нашри Фарҳанг аз сӯи Парлумон
Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Фарҳанги истилоҳоти иқтисод, молия ва буҷет дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нашриёти «R-Grahp» -и Душанбе аз чоп баромад.
Фарҳанги мазкур аз тарафи гуруҳи кории Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафаралӣ Раҷабов-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия таҳия шудааст. Ҳадаф аз таҳияи ин фарҳанг такмили маърифати ҳуқуқиву иқтисодии субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣ ва афзудани самаранокии татбиқи қонунҳоест, ки аз ҷониби Парлумони кишвар қабул гардидаанд. Фарҳанги мазкур бобати танзими тамоми истилоҳоти иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла истилоҳоти буҷетии дар қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда, бо мақсади ба вуҷуд овардани замина ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши иқтисодӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ва ҷомеа ба иттилооти иқтисодию молиявӣ таҳия ва мунташир гардидааст. Дар «Фарҳанги истилоҳоти иқтисод, молия ва буҷет дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» қариб 700 мафҳуми иқтисодие, ки дар қонунгузории кишвар истифода мешавад, гирд оварда шудааст.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагон Лутфулло Саидмуродов дар сарсухани фарҳанги тозанашр гуфтааст: «Фарҳанги мазкур барои бартараф намудани шарҳу дарки мазмун ва муҳтавои мухталифи муносибатҳои иқтисодӣ дар низоми миллии иқтисодии замони гузариш нақши муассир мебозад». Фарҳанги мазкур бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Таҳкими иқтидори Парлумон дар бахши молияи давлатӣ» бо теъдоди 500 нусха мунташир гардидааст.
Ҳамзамон фарҳанги мазкур дар шакли электронӣ низ омода шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






