Натиҷагирии ҶМСП «ТоҷИрон» дар 11 моҳ

Декабрь 20, 2013 10:27

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Корхонаи ҶМСП «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли равон ба маблағи 3499,0 ҳазор сомонӣ трактор ва дигар техникаи хоҷагии қишлоқро ҷамъу васл намудааст.  Тавре и дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар ин давра корхонаи мазкур 38 адад трактор ба маблағи 3030,0 ҳазор сомонӣ, 30 адад сипори 3 танагӣ ба маблағи 121,5 ҳазор сомонӣ, 13 адад хирманкӯб ба маблағи 146,9 ҳазор сомонӣ, 6 адад алафдарав ба маблағи 66,6 ҳазор сомонӣ, 4 адад ядак ба маблағи 54,8 ҳазор сомонӣ, 2 адад заминҳамворкунак ба маблағи 16,0 ҳазор сомонӣ, 1 адад даравгари гандум ба маблағи 48,5 ҳазор сомонӣ ва 1 адад бели механикӣ ба маблағи 14,7 ҳазор сомонӣ ҷамъу васл карда ва ба маблағи 4461,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба фурўш бароварда шудааст.ҶМСП «ТоҷИрон» -и шаҳри Душанбе дар ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки ба истеҳсоли тракторҳо ва техникаи кишоварзӣ машғул буда, аз аввали соли 2007 ба истеҳсоли маснуот оғоз намудааст.

Декабрь 20, 2013 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд