Натиҷагирии кормандони соҳаи кирмакпарварии ҷумҳурӣ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии кормандони соҳаи кирмакпарварии ҷумҳурӣ оид ба натиҷаи фаъолияти корхонаҳои соҳаи пилла дар соли 2013 баргузор гардид. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар кори ҷаласа муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, ҳамчунин Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Бӯриев Н. ва намояндагони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи кирмакпарварӣ дар соли 2013, ҳолати кунунии соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди ҳарчи бештари пиллаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин омодагиҳо дар самти кирмакпарварӣ, истеҳсоли пилла, нақшаҳои истеҳсолии пилла ва вазифаи кормандони соҳа дар соли 2014 муайян шуданд.Гуфта мешавад дар ҷамъбасти ҷаласа як гуруҳ собиқадорону кормандони фаъоли соҳаи пилла бо ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






