Натиҷаи азму ғайрат
Турсунзода, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ғайрату матонат, сарҷамъӣ, сайю кӯшиш ва ҳадафи бунёдкорӣ ба сокинони деҳаи Шӯрхоки ҷамоати деҳоти Қаратоғ имкон дод, ки зиёда аз 10 километр роҳро ба таври ҳашар сангфарш намоянд. Ин амали хайру савоб мушкилоти равуои сокинони деҳаро ба куллӣ аз байн бурд. Дар деҳаи мазкур қариб 200 хонавода будубош дорад. Қариб ҳамаи онҳо дар беҳтар шудани сифати роҳ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Аз ҷумла , марди саховатманд Абдусаттор Қодиров зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ, сокинони ҳимматбаланди дигар Раҷабалӣ Сангинов, Сангиной Бобоева, Абдуқаҳҳор Қодиров, Рустам Норов ва дигарон бо маблағҳои муайян ҳисса гузоштанд.Дар сафарбар кардани мардум дар ин кори хайру савоб ҳиссаи раиси Кумитаи маҳалла Мирзоалӣ Бозоров хеле калон аст. Ҳиммати ба ҷӯш омадаи мардумро техникаҳои муқтадири КФД «Алюминсохтмон» қуввату тавоноии дигар бахшид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






