Назорати истифода ва ҳифзи захираҳои об
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – “Фаъолияти шуъбаи назоратӣ асосан ба пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, сарфакорона истифода бурдани он, ҳолати пармакунии чоҳхои обгирӣ, назорати ҳолати иншоотҳои обтозакунии канализатсионӣ ва сифати партовҳои обии корхонаҳои истеҳсолӣ, ташвиқу тарғиби донишхои экологӣ, инчунин ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» равона шуда буд. Ҷиҳати иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Точикистон ва иҷрои нақшаи корӣ, шуъба нақшаи чорабиниҳоро оид ба санҷиши каналу дарёҳои ҳудуди шаҳри Душанберо тартиб дод, ки он аз тарафи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуд. Санҷиши ҳолати санитарию экологии каналҳои ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи гуруҳҳои корӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи санҷиш 12 санад, 67 пешниҳод ва 7 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 5000 сомонӣ тартиб дода шуда, аз он 2500 сомониаш рӯёнида шуд. Доир ба бамеъёрдарории истифодаи об ва партовҳои обӣ ба кумита дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 156 лоиҳаи Иҷозати истифодаи махсуси об (ИИМО) ворид гардид. Баъд аз баррасӣ 156 ИИМО ба корхонаю ташкилот ва хоҷагиҳо дода шуд, ки аз онҳо 120 адад ба вилояти Суғд, 10 адад ба вилояти Хатлон, 11 адад ба шаҳри Душанбе ва 14 адад ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд. 8 адад лоиҳаи меъёри ҳадди имконпазири партовҳои обии ташкилотҳо тасдиқ гардид. Барои баррасии 183 аризаи субъекти хоҷагидор ҷиҳати гирифтани иҷозати истифодаи махсуси об, иҷозати пармакунии чоҳҳои обӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои ҳадди имконпазири партовҳои обӣ ба маблағи 21960 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.Дар ин бора Саидмудин Маҳмадаминов, сардори шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои оби кумитаи мазкур иттилоъ дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






