Нишони тиллои Муин дар мусобиқоти самбо

Декабрь 19, 2013 14:00

Душанбе, 19 декабр .(АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова)- Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи XIX қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар Маскав чаҳор нишон ба даст оварданд. 
Дар мусобиқа, ки Тоҷикистонро 6 варзишгар миёни 110 варзишгари самбочӣ аз 18 кишвар  муаррифӣ мекард, як нишони  тилло, ду нуқра ва як нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Муин Ғафуров дар вазни 62 кг сазовори ҷойи аввал ва нишони тилло, Ризвониддин Бурҳонов дар вазни 68 кг ва Зуҳурбек Нурмаҳмадов дар вазни 82 кг сазовори медали нуқраи мусобиқа дар вазнҳои худ  гаштанд.  Файзӣ Тобатов медали биринҷиро дар вазни 90 кг ба даст овард. 

Декабрь 19, 2013 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш