Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар толори «Душанбе Плаза» муаррифии «Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)» баргузор гардид.Дар конфронси мазкур кормандони сохторҳои марбута, дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И.Л.Фролов, мушовирони байналмилалӣ Ҷорҷ Бетел, Девид Ҳоукер, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, роҳбари барномаҳо дар соҳаи маорифи ҶТ Саодат Бозорова, директори иҷроиявии шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон Зуҳро Ҳалимова, роҳбари намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон В.О.Курушко, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, намояндагони зерсохторҳои вазорат, омӯзгорону рӯзноманигорон ширкат варзиданд.Маврид ба ёдоварист, ки ба зиммаи Маркази миллии тестӣ масъулияти ниҳоят муҳими давлатӣ вогузор шудааст, ки иҷрои он дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ буда, бевосита ба сифати таҳсилот дар зинаҳои гуногун таъсири мусбат мегузорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






