Нуҳ курсӣ дар палатаи болоӣ холист
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Ваколати 9 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ахиран дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ пеш аз муҳлат қатъ шуда, онҳо дар як вақт аз иҷрои вазифаҳои дар кумитаҳои Маҷлиси миллӣ доштаашон бозхонд карда шуданд. Инҳо Қоҳир Расулзода -муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ, собиқ раиси вилояти Суғд, Сарвазири феълӣ, Қодири Қосим -муовини раиси палатаи болоии Парлумон, собиқ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раиси кунунии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазири тозатаъйини нақлиёт Хайрулло Асоев, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов — собиқ президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Давлатшо Гулмаҳмадов -собиқ раиси шаҳри Турсунзода, Ғайбулло Афзалов — собиқ раиси вилояти Хатлон, Ҳамид Абдуллоев -собиқ раиси шаҳри Норак, Қобиламо Ғуломшоева -собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва аъзои дигари Маҷлиси миллӣ Шамсмуҳаммад Назриев мебошанд. Ҳамин тариқ, алҳол аз 33 курсии палатаи болоии Парлумони кишвар 9 курсӣ холист. Бояд тазаккур дод, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ дар асоси баргузории интихобот аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе мутаносибан 5 нафарӣ аз ҳар минтақа интихоб шуда, 8 нафар аъзои дигари Маҷлиси миллӣ аз сӯи Президенти ҷумҳурӣ таъйин карда мешаванд. Нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии палатаи болоии Парлумони мамлакат -Маҷлиси миллӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






