Оғози маъракаи «Донистан барои эҳтиёти ҳаёт»

Декабрь 3, 2013 14:30

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 2 декабр дар шаҳри Душанбе маъракаи «Донистан барои эҳтиёти ҳаёт» расман оғоз ёфт.Дар ин маросим, ки дар бинои Маркази тандурустии № 14 – и шаҳри Душанбе баргузор шуд, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Лякин – Фролов, ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон А.В.Зуев ширкат доштанд. Маъракаи зикршуда шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанберо фаро гирифта, дар он мутахассисони тибби оилавӣ, момодояҳо ва духтурони бемориҳои занона фаъолона иштирок менамоянд.

Декабрь 3, 2013 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш