Омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзҳои 2-3 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Кафолатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро баргузор кард.Мақсади чорабинӣ мусоидат ба намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ҳимоятгарон ва кормандони ВАО ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобиқ ба меъёрҳои миллию байналмилалии дастрасӣ ба иттилоот буд.Бино ба маълумоти ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» Шоира Давлатова, дар ин давраи омӯзишӣ 25 нафар намояндагони созмонҳои аъзои Эътилоф ва рӯзноманигороне, ки масоили адолати судии ҷиноятӣ ва пешгирии шиканҷаро инъикос мекунанд, инчунин ҳимоятгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.Ба ҳайси коршиноси чорабинии омӯзишию амалӣ мушовири калони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Гуруҳи шарикони Претседент» Фотима Якубаева аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъолият кард.Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ коршиноси байналмилалӣ ба иштирокдорон тарзу усули муассири дастрас кардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро, ки шарикони қирғизӣ муваффақона ба кор мебаранд, тавзеҳ дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






