Омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ

Декабрь 27, 2013 11:45

Қӯрғонтеппа, 26 декабр. (АМИТ«Ховар», Мурод Сотиев). Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ба раёсати хоҷагии оби вилоят дастур дод, то сари вақт шабакаҳои обрасониро барои мавсими нави обёрӣ омода намоянд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, Д. Гулмаҳмадов аз масъулони ин ниҳод талаб кардааст, ки заҳбуру заҳкашҳоро сари вақт тоза ва пойгоҳҳои обкаширо таъмиру тармим намуда, ба мавсими нави киштукор омода созанд. Д. Гулмаҳмадов ҳамчунин барои ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ аз истифодабарандагон супориш додааст. Роҳбари вилоят ҳамчунин ба зарурати сари вақт аз ғӯзапоя тоза намудани замин ва дар рӯзҳои наздиктарин ба анҷом расонидани шудгор таъкид кардааст. «Замин бояд то давраи кишти баҳорӣ дам гирад ва дар ин сурат метавонем аз он ҳосили баландро интизор шавем», — зикр кардааст роҳбари вилоят.

Декабрь 27, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд